«Мо "делта плюс"-ро дар Нави-Мумбай, Палгар ва Ратнагири ёфтем. Пас аз ин, мо намунаҳои бештарро барои таҳлил фиристодем ва интизори ҳисобот ҳастем”, -- гуфт ба телеканали "India TV" сардори Раёсати таълим ва тадқиқоти тиббӣ, доктор Т.П.Лахан.
Дар шаҳри бандарии Ратнагири панҷ ҳолати сироят бо штамми нав ба қайд гирифта шуд, дар ҳоле ки ду сирояткунанда ягон нишона надоштанд. Барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус, мақомот минтақаҳои ҳифзро ташкил карданд ва ноҳияҳоеро, ки мутатсия ёфт шуд, печонда гирифтанд, менависад РИА Новости.
Штамми коронавируси B.1.617 дар Ҳиндустон 5 октябри соли 2020 дар иёлати Маҳараштра ошкор карда шуд ва вақтҳои охир дар бисёр кишварҳо пайдо шуд. Ба гуфтаи табибони маҳаллӣ, ин мутатсия метавонад яке аз сабабҳои мавҷи дуввуми коронавирус дар Ҳиндустон бошад.
Қаблан се зергурӯҳи ин штамм - В.1.617.1, В.1.617.2 ва В.1.617.3 кашф шуда буданд ва зергурӯҳҳои нав бо мавҷудияти мутатсияи K417N дар сафедаи илтиҳоқ фарқ мекунанд, ки метавонанд фаъолнокии хуноба ва антителаи одамоне, ки касал шуда сиҳат ёфтаанд ва эм карда шудаанд, коҳиш диҳад. Тавре ки табибони Ҳиндустон қайд карданд, ин навъ бори аввал моҳи марти соли равон дар Аврупо кашф карда шуд.
Ҳиндустон оид ба шумораи ошкоршудаи коронавирус дар ҷаҳон дар ҷои дуюм боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустии маҳаллӣ, аз моҳи марти соли гузашта, вақте ки пандемияи коронавирус дар он ҷо оғоз ёфт, шумораи умумии одамоне, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, аз 29,8 миллион гузашт, зиёда аз 28,7 миллион нафар сиҳат шуданд, беш аз 386 ҳазор нафар вафот кард, дар ҳоли ҳозир 729 ҳазор нафар табобат мегиранд.