Маълум шуд, ки раиси бозори деҳқонии шаҳри Қаршӣ ва назоратчии он бо ҳам забон як карда, ба ивази ба номи соҳибкор расман ба қайд гирифтани як дӯкони савдои навбунёд дар масоҳати 110 метри мураббаъ аз шаҳрванд 80 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд. Онҳо ҳангоми пешакӣ гирифтани 30 ҳазор доллари ИМА бо далелҳои шайъӣ дастгир шуданд.

Аз рӯйи ин ҳолат нисбат ба онҳо бо моддаи 168 қисми 4 банди «а» ва моддаҳои 28 ва 211 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ҳолати дигар дар бозори яклухти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Бухоро ошкор гардид. Роҳбари бозор ва мудири коргузорӣ бо ҳам забон як карда, ба ивази ҷудо намудани 120 метри мураббаъ қитъаи замин барои сохтани дӯкони сабуки савдо ва пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ аз як шаҳрванд ҳангоми гирифтани 11 ҳазор доллари ИМА маблағ дастгир шуданд.

Ҳоло нисбат ба ин шахсон бо моддаи 168 қисми 3 бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.