Гуфта мешавад, ки ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои ҳодиса наҷотдиҳандагон ҷасади ҳалокшударо аз зери харобаҳо пайдо карданд.

Хотиррасон мекунем, ки 25 феврал соати 14:47 ба Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Фарғона тавассути системаи «112» хабар дар бораи таркиш ва оташ гирифтани хонаи маҳаллаи «Бустон»-и шаҳри Қӯқанд ворид шуда буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВҲФ, воҳидҳои наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса зуд расида, оташ дар муддати кӯтоҳ хомӯш карда шуд.