Марказҳои энергетикӣ ё митохондрияҳо қисмҳои микроскопии ҳуҷайраҳо мебошанд, ки энергияи заруриро барои ҳаёт тавлид мекунанд. Бо мурури замон онҳо самаранокии худро гум мекунанд. Ҳуҷайраҳо табиатан аз онҳо халос мешаванд. Раванди коркарди митохондрияҳои кӯҳна бо номи митофагия маълум аст, хабар медиҳад «Мир24».
Бо мурури синну сол, митофагия суст шуда, боиси ҷамъ шудани партовҳои ҳуҷайра мегардад. Олимон бар ин боваранд, ки ин хатари бемориҳои Паркинсон ва Алтсгеймер, бемориҳои дилу раг, фарбеҳӣ ва дистрофияи мушакҳоро зиёд мекунад.
Дар рафти таҳқиқоти нав, олимон кӯшиш карданд, ки митофагияро дар кирмҳои мудаввар рағбатнок гардонанд. Онҳо бисёр пайвастагихоро санҷида, «зарбаи калон» — молекулаи MIC-ро муайян карданд. Он ба синфи кумаринҳо тааллуқ дорад ва дар дорчин, лӯбиёи тонка ва дигар растаниҳо мавҷуд аст.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки MIC ифодаи сафедаи TFEB-ро зиёд мекунад, ки дар равандҳои тозакунии партовҳои ҳуҷайра нақши муҳим дорад. Дар кирмҳо MIC митофагияро ҳавасманд карда, умри худро хеле зиёд кард.
Дар оянда, молекула метавонад асоси доруҳои нави зидди пиршавӣ гардад. Қаблан олимон генеро муайян карда буданд, ки пиршавиро суст мекунад. Тадқиқот дар пашшаҳои мевагӣ гузаронида шуд.









