“Proyapı Mühendislik ve Müşavirlik A.Ş.” аз ҷониби БАТР барои таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодии ин лоиҳа киро шудааст. Арзиши таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодӣ аз ҳисоби маблағҳои грантӣ 1,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба суръат бахшидан ба таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва ташкили равандҳои тендерӣ барои муайян кардани шарикии хусусӣ баррасӣ шуданд.