Дар вохӯрӣ муовини вазири нақлиёт А.Мӯъминов оид ба ислоҳоти васеъмиқёси дар соҳаи нақлиёти кишварамон татбиқшаванда, лоиҳаҳое, ки дар ин раванд якҷоя бо ширкатҳои фаронсавӣ амалӣ мешаванд, таваҷҷуҳ намуд.
Ҷонибҳо оид ба рушди авиатсияи гражданӣ, системаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи таҳсилоти олӣ (тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ) табодули афкор намуданд.
Бинобар самтҳое, ки дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, дар бораи пурзӯр кардани талошҳои муштарак ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо тоҷирони Фаронса тавофуқ ҳосил шуд.