Ин дафъа меҳмони Клуб равоншиноси соҳибихтисос, тренери тиҷорат, муассиси канали телеграмм "Психологи МО" Алишер Низомов буд, ки дар бораи хусусиятҳои барқарор кардани муносибат бо ҳамкасбон ва идоракунии муноқишаҳо дар ҷамоа суханронӣ намуд.
Зимни тренинг таъкид шуд, ки гарави кори бомуваффақият маҳорати идора кардани низоъҳо ва босаводона ба роҳ мондани муносибатҳо дар дохили ҷамоа мебошад.
«Ба назар чунин мерасад, ки муноқиша танҳо таъсири манфӣ дорад, аммо он метавонад ҷанбаҳои мусбат дошта бошад. Агар низоъ самарабахш бошад, он гоҳ, чун қоида, ғояҳои нав, алтернативаҳои ҳалли мушкилоти гуногунро ба вуҷуд меоварад ва ҷамоаро ба ҳамкории мутафиқона раҳнамун месозад. Вазифаи роҳбар аз иборат аст, ки муноқишаи харобиоварро ба муноқишаи сермаҳсул табдил дода тавонад,” - мегӯяд Алишер Низомов.
Дар тренинг иштиокдорони Клуб бо ҷузъҳо ва мафҳумҳои асосии низоъ шинос шуда, инчунин дар амал истифода бурдани роҳҳои гуногуни ҳалли ҳолатҳои муноқишаро омӯхтанд.
Илова бар ин, яке аз сабабҳои харобиовари муноқишаи гурӯҳӣ дар он аст, ки одамоне, ки аз баёни нуқтаи назари беназири худ шарм медоранд ва аз дигар аъзоёни даста метарсанд, эҳсос намекунанд, ки онҳоро шунида истодаанд, ки ҷалб ва масъулиятро барои ноил шудан ба натиҷаҳо коҳиш медиҳад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дастаҳои дорои дурнамои гуногун воқеан қарорҳои беҳтар қабул мекунанд.
Бисёре аз мо, ки бароямон муноқиша асабониятро пеш меоранд, танҳо мехоҳем роҳи коҳиш додани онро пайдо кунем, аммо дастаҳои муассир аз низоъ канорагирӣ намекунанд, онҳо идора кардани онро меомӯзанд.
Беҳтарин роҳи ҳалли низоъ ин беҳтар фаҳмидан ва идора кардани системаи вокуниш ба худи низоъ мебошад.
Илова мекунем, ки Барномаи кори “Клуби занон” вохӯриҳои мунтазам бо мутахассисони соҳаҳои гуногунро дар бар гирифта, барои шаш моҳ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа иштирокчиён шаҳодатномаи дахлдор мегиранд.