Бино ба иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Киев, барои тезонидани овардани шаҳрвандон то гузаргоҳи назоратии "Краковес"-и Украина 7 автобус ба иҷора гирифта шуд, ки ба марзи Украина ва Лаҳистон 11 маротиба равуо анҷом додааст.
Зиёда аз 560 нафар шаҳрвандони кишвари мо сарҳади давлатии Полшаро убур карданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар минтақаи марзии Лаҳистон намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар Варшава масъалаҳои ташкилиро дар ҷои худ ҳал мекунанд. Дар сархад хамватанон бо хӯрок таъмин карда шуда, барои истироҳати пиронсолон ва занони кудакдор шароит фароҳам оварда шудааст.
Кор дар ин самт идома дорад.