Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Пусан гуфтугӯ карданд

    25 октябри соли 2022 дар шаҳри Пусан (Ҷумҳурии Корея) дар ҳошияи 15-умин Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов ва Ҷумҳурии Корея Пак Чин ба амал омад.

    Масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар, инчунин рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ҷонибҳо мутақобилан қайд намуданд, ки пас аз ба сатҳи шарикии махсуси стратегӣ расондани муносибатҳо дар соли 2019 табодул дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва фарҳанг ба марҳалаи нави таърихӣ ворид шуд.

    Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2021 ба Сеул рӯйдоди муҳим гардид, ки бинобар натиҷаҳои он самтҳои калидии ҳамкорӣ, аз қабили рақамисозӣ, рушди сабз ва татбиқи сиёсати пурқуввати иҷтимоӣ муайян шуданд.

    Таваҷҷуҳ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳои воқеан стратегӣ, аз қабили тандурустӣ ва маориф равона карда шуд.

    Вазирон шабоҳати бархӯрд ва мавқеъҳои таъмини сулҳ ва ҳифзи амнияти минтақаро қайд карданд.

    Ӯзбекистон пайваста талошҳои Сеулро барои барқарории сулҳи пойдор дар нимҷазираи Корея ва аз сар гирифтани муколамаи байни корейсҳо дастгирӣ мекунад.

    Ҷониби Корея ба сиёсати кишвари мо дар масъалаҳои танзими Афғонистон, ҷалби Афғонистон ба лоиҳаҳои иқтисодии минтақавӣ ва нақлиётию логистикӣ баҳои баланд медиҳад.

    Дар бораи нигоҳ доштани динамикаи фаъоли ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар чаҳорчӯби машваратҳои анъанавии сиёсӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳуриии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates