Дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии кино дар Ҳиндустон бо намояндагони ҳайати Ўзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид

    Фарҳанг 28 Noyabr 2022 632

    Гурӯҳи синамогарони ӯзбекистонӣ дар ҷашнвораи 53-юми байналмилалии синамои Ҳинд, ки аз 20 то 28 ноябр дар Гоа ҷараён дорад, иштирок мекунанд.

    27 ноябр таҳти мавзӯи "Лоиҳаҳои муштарак ва нақшаҳои пешомадноки синамогарони Ўзбекистон ва Ҳиндистон" нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Агентии кинематография синамогарон дастовардҳои бахши синамо, таҳкими ҳамкориҳои кинематографҳои Ӯзбекистону Ҳиндустон ва муштарак офаридани филмҳоро баррасӣ карданд.

    Синамогарони ҳинд низ доир ба Фестивали XIV байналмилалии синамои Тошканд низ андешаҳои худро баён намуда, қайд карданд, ки чорабинӣ дар сатҳи олӣ ташкил шудааст.

    Ҳадафи асосии сафар ба Ҳиндустон табодули таҷриба, шиносоӣ бо кинематографияи Ҳиндустон мебошад. Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар имзои созишномаҳо дар бораи прокати филмҳои зиёд, табодули мутақобила ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар назар аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates