Бо иштироки аъзоёни хайати вакилон дар атрофи бинои сафоратхонаи мамлакатамон экскурсия ташкил карда шуд. Инчунин бо фаъолияти Маркази ҳунармандон ошноӣ сурат гирифт.

Илова бар ин, намояндагони кишвари мо бо муовини Раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон Б.Кесебаева, Сафири фахрии Ӯзбекистон оид ба сайёҳӣ дар Қазоқистон Л.Аханова ва муовини раиси Шӯрои занони соҳибкори шаҳри Алмаато А Эралиева мулоқотҳои дуҷониба анҷом доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни кумитаҳои дахлдори палатаҳои парлумони ду кишвар, табодули иттилоот, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дарёфти роҳҳои ҳалли муштараки мушкилоти кишварҳои туркӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, тиббӣ, сайёҳӣ, илму фарҳанг ва ғайра таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Илова бар ин, намояндагони кишвари мо бо аъзои Ассотсиатсияи занони соҳибкори Қазоқистон мулоқот карданд.

Зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки рушд ва тавсеаи соҳибкории занон дар кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт мунтазам табодули афкор ва таҷрибаи пешқадам намоянд, дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ бизнес-форуми занони соҳибкори Ӯзбекистон ва Қазоқистонро доир кунанд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.