Дар ин бора ХАД хабар дод.

Гуфта мешавад, ки аз манзили иҷорагирифтаи ин шахс 887 грамм афюн ва 71 грамм героин ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид. Дар раванди тафтишот маълум шуд, ки ӯ маводи мухаддирро аз шарикони ҷиноятии худ дар кишвари ҳамсоя оварда, мехост тавассути фурӯши он даромад ба даст оварад.

Зимни амалиёте, ки дар вилояти Фарғона гузаронида шуд, аз манзили як сокини ноҳияи Фарғона (соли таваллудаш 1991) 2800 дона доруи пуртаъсири «Регапен», ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳҳои ғайриқонунӣ ворид карда шудааст, ёфт шуд. Арзиши умумии ин доруҳо 140 миллион сӯмро ташкил медиҳад.

Дар ҳолати дигар, ки дар вилояти Тошканд ошкор гардид, сокини ноҳияи Тошканд (соли таваллудаш 1996) ва шиноси ӯ – шаҳрванди Қазоқистон (соли таваллудаш 1994) ҳангоми ба маблағи 300 доллари ИМА ва 600 ҳазор сӯм фурӯхтани 300 миллилитр маводи «Тропикамид», ки бо роҳи қочоқ аз Қазоқистон оварда шуда буд, боздошт шуданд.

Аз ҷайби онҳо ҳамчунин чанд дона капсулаҳои «Прегабалин» ва шишаҳои дорои моеъи «Тропикамид» ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Дар рафти санҷишҳо муайян гардид, ки наркосавдогарон моддаҳои дорои таъсири қавиро дар зарфҳои доруҳои гуногун пинҳон карда, ба қаламрави кишвар ворид менамуданд.

Ҳоло аз рӯйи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.