Масъалаҳои муносибатҳои бисёртарафаи байни Ўзбекистон ва Фаластин, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва густариши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.
Зимни суҳбат гуфта шуд, ки равобити тиҷоративу иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба маҳсуб ёфта, аз ин нуқтаи назар зарур аст, ки лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои кишоварзӣ ва истеҳсолоти саноатӣ, дорусозӣ ва саноати нассоҷӣ роҳандозӣ шаванд.
Раиси Сенат пешниҳод кард, ки иқтидори равобити байни Фаластин ва Ӯзбекистон тавассути ташкили сафарҳои мутақобила дар сатҳҳои мухталиф ва табодули таҷриба тақвият дода шавад. Ҳамин тариқ, ба роҳандозии муколамаи созанда миёни парлумонҳои ду кишвар ва густариши робитаҳои зичи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҳамзамон, доир ба роҳандозии муколама миёни кумитаҳои дахлдор дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ташкили “гурӯҳҳои дӯстӣ”, ки яке аз механизмҳои муҳими равобити байнипарлумонӣ мебошад, табодули афкор сурат гирифт.
Махсусан таъкид гардид, ки ин на танҳо эътимоди мутақобила ва муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоро амиқтар мекунад, балки ҳамчун созмони пайваста ва муассири ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ хизмат мекунад.
Дар фарҷоми мулоқот доир ба идомаи анъанаи дастгирии ташаббусҳои мутақобила ва рушди минбаъдаи пайвастаи ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байналмилалии парлумонӣ (Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Парлумони арабӣ) ва як қатор созмонҳои дигари байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд.