Дар Сенат бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон мулоқот баргузор шуд

    24 ноябри соли ҷорӣ Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдудҷаббор Раҳмонзода мулоқот анҷом дод.

    Дар ҷараёни суҳбат таъкид шуд, ки мардуми ӯзбеку тоҷикро таърихи муштарак, дин, фарҳанг, арзишҳо ва анъанаҳои умумӣ муттаҳид месозанд.

    Ҳамчунин нақши ҳалкунандаи иродаи сиёсӣ ва муносибатҳои дӯстонаи Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамчун асоси рушди робитаҳои дуҷониба зикр гардид.

    Дар мулоқот натиҷаҳои давраи муваффақ ва самараноки фаъолияти Сафир дар Ӯзбекистон ҷамъбаст карда шуданд. Саҳми назарраси ӯ дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чанд соли охир махсус қайд гардид.

    Ба масъалаҳои минбаъд таҳким бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи сохторҳои байналмилалии парлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Ҳамчунин нақши рӯзафзуни парлумонҳо дар фаъолгардонии муколамаи дуҷониба таъкид гардид.

    Дар анҷоми мулоқот Раиси Сенат ба Сафир дар фаъолияти минбаъдаи дипломатии ӯ барори кор таманно кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates