Байни Ўзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ масъалаҳои минбаъд мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии махсуси стратегӣ, густариши минбаъдаи ҳамкории васеъмиқёс, аз ҷумла, дар соҳаи муносибатҳои мехнатӣ баррасӣ шуданд.
Ба аҳамияти нақши муколамаи байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ин бобат самараи фаъолияти комиссияи махсус бо сардории Раиси Сенати Олий Маҷлис оид ба ҳамкорӣ бо Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Куриё дар соҳаи таъмини назорати парлумонӣ барои иҷрои созишномаҳои дар сатҳи олӣ байни кишварҳоямон ба дастомада, “харитаҳои роҳ” таъкид гардид.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамоиши ҷониби Куриё оид ба ҳамкориҳои байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея» дар формати нав, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст, барои густариши муносибатҳои бисёрҷониба имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳои мо самтҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, таҳияи муштараки заминаи ҳуқуқии татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт, ҳалли масъалаҳои пурзӯр намудани пешбарии пешниҳодҳо, баргузории гуфтушуниду мулоқотҳо ва муайян намудани самтҳо аҳамияти муҳим пайдо мекунанд.
Ҳамчунин барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини дастгирии ҳамаҷонибаи иҷтимоӣ пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд».
Таъкид гардид, ки ба имзо расидани Ёддошти ҳамкорӣ байни вазоратҳои дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав мебарорад.
Дар доираи татбиқи Меморандум пешниҳоди таҳияи нақшаи чорабиниҳои муштарак, ки дар он ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи меҳнат, баробарии гендерӣ, инчунин татбиқи барномаи «Better work» инъикос ёфтааст, дастгирӣ ёфт.