Дар рафти вохӯрӣ дар бораи имкониятҳои барои ҷавонон фароҳамовардашуда, ислоҳоти соҳаи маориф ва дастовардҳои ҷавонон тавассути ин ислоҳот, инчунин дар бораи фаъолияти Сенат сухан рафт.
Гуфта шуд, ки шароити муосире, ки дар муассисаҳои таълимии минтақаҳо, аз ҷумла сохтмон ва ба истифода додани кабинетҳои компютерӣ ва лабораторӣ, толорҳои варзишӣ, фароҳам оварда шудааст, ба ҷавонон имкониятҳои бештари фаъолият медиҳад. Хонандагон ин шароитҳоро самаранок истифода бурда, дар озмунҳо ва намоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.
Дар вохӯрӣ иштирокчиёни озмун ба саволҳои худ ҷавобҳои зарурӣ гирифтанд.
Барои маълумот: Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ бо мақсади рушди малакаҳои тафаккури мустақилона дар миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои хусусӣ, инчунин таблиғи васеи мероси ғании маънавии миллӣ озмуни ҷумҳуриявӣ ташкил кардааст. Имсол ба комиссияи озмун 364 906 дархост ворид шудааст (аз онҳо 356 812 - аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 8 094 - аз мактабҳои хусусӣ).
Марҳилаи ҷумҳуриявии озмун аз 18 то 21 декабр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои он, 14 иштирокчие, ки дар ҳар як синф баҳоҳои баландтарин гирифтаанд, имкони иштирок дар сафари таълим дар хориҷи кишварро пайдо мекунанд.Баъд аз вохӯрӣ иштирокчиён бо бинои бошукӯҳи Сенат ошно шуданд.