Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Русия, аз ҷумла мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон, рушди давлатдории ҳуқуқбунёд ва дастгирии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардиданд.

Содиқ Сафаев, меҳмонро самимона истиқбол намуда, зикр кард, ки дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ба таъмини ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва дар ин замина нақши порлумон ва институти Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсман) бештар мегардад.

Дар навбати худ, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия ислоҳоти солҳои охири Ӯзбекистонро дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон қобили таҳсин хонд. Ӯ омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон изҳор намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкориҳои амалӣ дар масъалаҳои тавсеаи робитаҳо дар самти ҳуқуқи инсон, дар чорчӯби институти Омбудсманҳо ва муносибатҳои байнипарлумонӣ ба мувофиқа расиданд.