Дар рафти чорабинӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи низомӣ ва ҳарбию техникии идораҳои мудофиаи ду кишварро баррасӣ карданд.
Сарфи назар аз идома ёфтани пандемияи коронавирус, иштироккунандагони вохӯрӣ тамоюли мусбати ҳамкории пайдарпайро қайд карданд. Дар давоми соли ҷорӣ, каналҳои мустақими ҳамкорӣ таъсис дода шуданд ва видеоконфронсҳо байни мутахассисони соҳаи тибби ҳарбӣ, таълими ҳарбӣ, фаъолиятҳои ҳарбию илмӣ ва тадқиқотӣ гузаронида шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рушди ҳамкориро дар соҳаи таълими ҳарбӣ идома диҳанд, аз ҷумла хидматчиёни ҳарбии Ӯзбекистонро барои омӯзиш ба муассисаҳои олии ҳарбии таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Куриёи Ҷанубӣ фиристонанд.
Ба ғайр аз ин, тайёрӣ ба идома додани таҷрибаи ҷалби мутахассисони Куриёи Ҷануби ва Ӯзбекистон, аз он ҷумла фосилавӣ, барои гузарондани машғулот дар муассисаҳои олии ҳарбии таълимии ду мамлакат оид ба мавзӯъҳои барои ҳар ду ҷониб муҳимтарнин изҳор гардид.
Манфиатдорӣ дар идома додани густариши ҳамкорӣ дар фаъолияти муштараки илмӣ ва тадқиқотии низомӣ иброз гардид. Дар соли 2021 мунтазам байни Маркази тадқиқотии қӯшунҳои хушкигарди Куриёи Ҷанубӣ ва Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ба амқсади муайян кардании самтҳои пешомадноктарини фаъолияти муштараки тадқиқдотӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар соҳаи мазкур конфронси алоқаи видеоӣ гузаронда мешавад.
Зарурати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тибби ҳарбӣ, аз ҷумла байни академияҳои тиббии ҳарбӣ махсусан қайд карда шуд.
Дар моҳи июл мутахассисони ҳарбии тиббии Ӯзбекистон ба Қумондонии тиббии Куриёи Ҷанубӣ омаданд, ки дар рафти он бо низоми таъминоти ҳарбии тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи ин мамлакат шинос шуда, инчунин дар соҳаи мубориза бо коронавирус мудолиаи афкор намуданд. Дар бораи ташкил кардани ташрифи ҷавобии қумондонии Фармондеҳи тиббии Ҷумҳурии Куриё ба Ӯзбекистон ба созиш омаданд.
Инчунин омодагӣ ба мубодилаи афкор дар соҳаи истифодаи технологияҳои замонавии иттилоотӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи қӯшун ва раванди тайёрии ҳарбии онҳо таъкид гардид, хабар медиҳад АИ “Дунё”.