Дар Сеул масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълими ҳарбии Ўзбекистону Куриёи Ҷанубӣ баррсӣ гардиданд

    Таълим 7 Iyun 2022 653

    Бо мусоидати Сафоратхонаи мамлакатамон дар Сеул дар шакли конфронси видео бо роҳбарияти шуъбаи ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи миллии мудофиаи Куриё (ДММК) мулоқот анҷом дода шуд.

    Ҷонибҳо динамикаи пайваста ва мусбатро дар рушди ҳамкориҳои вазоратҳои дифои ду кишвар дар соҳаи таълими ҳарбӣ қайд карданд. Ҷонибҳо қаблан сафарҳои мутақобилаи сарони муассисаҳои таълимии ду кишварро ташкил карда буданд, ки дар натиҷа Ёддошти тафоҳум байни Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ва ДММК оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълими ҳарбӣ ва тадқиқоти низомӣ ба имзо расид.

    Илова бар ин, мутахассисони Донишгоҳи миллии мудофиаи Куриё дар қатори дигар коршиносони байналмилалӣ дар конфронсу семинарҳои байналмилалие, ки Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ташкил мекунад, мунтазам иштирок мекунанд.

    Зимни мулоқот масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи таълими ҳарбӣ, инчунин табодули таҷриба дар соҳаи тадқиқоти ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои вазоратҳои дифои ду кишвар дар соҳаи таълими ҳарбӣ, аз соли 2023 ба омӯзиши кадрҳои низомии Ӯзбекистон дар курсҳои магистратураи Донишгоҳи миллии мудофиаи Куриё мувофиқа ҳосил шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates