Дар брифинг дар АИКО бо иштироки роҳбари хидмати иттилоотии Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус Мўмин Ибодов дар бораи татбиқи вазифаҳое, ки дар барномаи давлатии “Соли таъмини манфиатҳои инсон ва рушди маҳалла” муайян шудаанд, маълумот дода шуд.   

Дар асоси барномаи давлатӣ лоиҳаи қарори Президенти кишвар дар бораи созмон додани Донишкадаи саноати бофандагии Намангон дар пойгоҳи Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Намангон омода гардида, ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим шудааст. 

Инчунин, лоиҳаи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба густариши минбаъдаи имкониятҳои гирифтани маълумоти олӣ бидуни канда шудан аз истеҳсолот таҳия шудааст, дар ин ҳол низоми тайёркунии кадрҳо дар шакли таълими фосилавӣ зина ба зина ба роҳ монда мешавад.

Мувофиқи қарори дахлдори Президенти Ўзбекистон фаъолияти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии ба номи Исоқхон Ибрати Намангон ташкил карда шуд.