Кормандони гумрук муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку ва дорувориро ба маблағи 1,8 миллиард сӯм пешгирӣ карданд

    Бехатарӣ 16 Avgust 2023 3750

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи гумрук, дар ҷараёни баргузории амалиёт кормандони Раёсати мубориза бо қочоқ дар ҳаҷми зиёд муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку ва доруворро ошкор карданд.

    Аз ҷумла, мошини боркаши “Мерседес-Бенс Вито” таҳти назорат қарор дошт. Вакте ки автомашина дар яке аз биноҳои истиқоматии вилояти Сирдарё истод, онро аз назар гузаронданд.

    “Дар натиҷа маълум шуд, ки дар мошини боркаш 39 301 қуттӣ маҳсулоти тамоку мавҷуд будааст. Дар ҳамин ҳол, ҳангоми азназаргузаронии бинои истиқоматӣ 68 ҳазору 837 қуттӣ маҳсулоти тамоку ва 657 қуттӣ дору бо номи «Ировир-Ф» дарёфт шудааст», - омадааст дар хабар.

    Тавре аз хадамоти матбуотӣ шарҳ доданд, дар маҷмӯъ 108 ҳазору 138 қуттии маҳсулоти тамоку ва 657 қуттии доруворӣ мусодира карда шуд, ки арзиши умумии онҳо 1 миллиарду 876 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир бар асоси моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, илова намуданд дар кумита.