Ин чорабинӣ дар яке аз корхонаҳои ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт доир шуда, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи гумрук, Бюрои иҷрои маҷбурӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар сохторҳои дахлдор ташкил карда шуд.

Хусусияти фарқкунандаи ин чорабинӣ дар он буд, ки нобудсозии маҳсулоти тамоку бо роҳи майдакунӣ анҷом дода шуд, ки имкон дод таъсири зараровар ба муҳити зист коҳиш ёбад ва хавфҳои экологӣ пешгирӣ карда шаванд. Нобудсозӣ дар асоси қарорҳои судӣ нисбат ба маҳсулоте, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардида буданд, сурат гирифт.

Иқдомҳои ошкорои нобудсозии маҳсулоти тамоку тӯли се соли охир ба анъанаи нек табдил ёфта, аз ҷониби ҷомеа баҳои мусбат мегиранд ва самаранокии худро дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тасдиқ менамоянд.

Дар ҷараёни чорабинӣ маҳсулоти тамоку ба маблағи умумии 9 миллиарду 800 миллион сӯм, ки дар доираи 6 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ҳамчун далелҳои шайъӣ аз ҷониби воҳидҳои оперативии мақомоти гумрук мусодира шуда буданд, нобуд карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки маҳсулоти нобудкардашуда бо рамзҳои рақамии тамғагузорӣ ва тамғаҳои аксизии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҷаҳҳаз набуда, ҳамчунин огоҳиномаҳои ҳатмиро дар бораи зарари маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон бо забони давлатӣ дар бар надоштанд.

Бо ин сабабҳо, маҳсулоти мазкур қалбакӣ ва бесифат эътироф гардида, мувофиқи қонунгузории амалкунанда молҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира мешаванд, ҳатман нобуд карда мешаванд.