Дар Сирдарё барои дастгирии стартапҳои занон барнома ба роҳ монда мешавад

    Насли оянда 18 Avgust 2022 1067

    Дар вилояти Сирдарё лоиҳаи нав барои омӯзиш ва дастгирии ғояҳои тиҷоратии занон – InnoWoman ба кор дароварда мешавад.

    Лоиҳа курси технологияҳои иттилоотиро барои духтарон ва занони аз 15 то 35-сола, ки орзуи азхудкунии малакаҳои компютериро доранд, пешбинӣ менамояд. Ҳадафи ин барнома омӯзиши 1000 донишҷӯдухтарон дар курсҳои пешниҳодшуда дар соҳаи коммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва инчунин рушди малакаҳои амалӣ мебошад.

    Лоиҳаи InnoWoman шаш моҳ давом мекунад. Дар доираи барнома духтарон ва занон дар самтҳои зерин таҳсил хоҳанд кард:

    саводнокии компютерӣ (1 моҳ);

    барномасозии веб ва идоракунии лоиҳа (5 моҳ).

    Машғулиятҳо аз 20 сентябр cap шуда, ба забони ӯзбекӣ мегузаранд. Ҷойи баргузорӣ – филиали сирдарёгии IT-парк, IT-марказҳои минтақавӣ. Барои курсҳо дар доираи InnoWoman нархҳои махсус муқаррар карда мешаванд - арзиши моҳонаи курсҳо 100 000 сӯмро ташкил медиҳад.

    Илова бар ин, курсҳо расондани кумакро дар татбиқи марҳила ба марҳилаи лоиҳаҳои рақобатпазири ТИК, аз ҷумла таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои стартап барои донишҷӯдухтарони боистеъдод пешбинӣ мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои омӯзиш се стартапи беҳтарин бо ноутбукҳои замонавӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

    Аризаро барои дохилшавӣ то 10 сентябр банобар истинод фиристодан мумкин аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates