Тавре Report хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии KNBC иттилоъ додааст.
«Тибқи маълумоти хадамоти оташнишонии Лос-Анҷелес, ҳадди ақал ду нафар барои гирифтани кӯмаки тиббӣ муроҷиат кардаанд», — омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки баъд аз ҳодиса иштирокчиёни гирдиҳамоӣ кӯшиш кардаанд ба ронанда ҳамла кунанд ва шишаҳои мошинро шикастаанд. Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти ронандаи мошини боркашро муайян накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки эътирозҳо дар Эрон 28 декабр пас аз якбора коҳиш ёфтани арзиши пули миллӣ оғоз ёфта, то имрӯз ҳадди ақал 46 шаҳри кишварро фаро гирифтаанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, даҳҳо нафар, аз ҷумла ҳадди ақал панҷ кӯдак, ба ҳалокат расида, шумораи зиёде захмӣ шудаанд. Интернет ва алоқаи мобилӣ шоми 8 январ дар ҷумҳурӣ қатъ гардида, дар пасманзари авҷ гирифтани хушунат дастрасӣ ба иттилоъро ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардааст.