Ин занги бардурӯғ боиси халалдор шудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид. Ҳамчунин мард ба талаботи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба ҳозир шудан ба шуъба итоат накардааст. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ ӯ гуноҳи худро эътироф намуда, шарҳ дод, ки зери таъсири машрубот дарк намекардааст, ки чӣ кор мекунад.
Суд амали шаҳрвандро ҳамчун даъвати бардурӯғи қасдонаи хадамоти махсус арзёбӣ намуда, ба ӯ ба маблағи 1 миллиону 230 ҳазор сӯм ҷарима таъин кард.