Дар Тошканд имконоти рушди долони Транс-Хазар дар ҳамкорӣ бо Аврупо баррасӣ шуд

    Нақлиёт 7 Noyabr 2024 808

    6 ноябр дар Тошканд дар доираи Рӯзҳои иқтисодии Аврупо-2024, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Аврупову Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ EUROUZ ташкил карда шудаст, ҷаласаи умумии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бахшида ба рушди иқтидори долони Тран-Хазар (Долони миёна) баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ муовини аввали вазири нақлиёт Маманбий Омаров нутқ эрод намуда, ба чораҳое, ки Вазорати нақлиёт оид ба рушд ва истифодаи самарабахши иқтидори долони мазкур анҷом медиҳад, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. М.Омаров зимни суханронии худ қайд намуд, ки густариши инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими робитаи нақлиётӣ дар рушди иқтисоди кишварҳои минтақа нақши ҳалкунанда доранд.

    Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани устувории долони нақлиётии Транс-Хазар ва табдили он ба масири мултимодалии пайвасткунандаи Аврупо ва Осиё ба таҳкими равобити иқтисодии ду минтақа, беҳбуди амният ва устувории долонҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад.

    Ҳамчунин, муовини аввали вазир М.Омаров бо намояндагони Иттиҳоди соҳибкорони Аврупо гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дод.

    Дар рафти музокирот ҷанбаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ оид ба беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ дар Ўзбекистон баррасӣ шуданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates