Сессия якчоя бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ва КИА СММ даъват карда шуд.

Дар кори сессия ҳайатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аз вазоратҳои савдо, нақлиёт, хадамоти гумрук, ширкатҳои роҳи оҳан ширкат мекунанд. Дар назар аст, ки дар ин нишаст намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, ҳамчунин ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои нақлиётии байналмилалӣ низ ширкат кунанд.

Дар назар аст, ки масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии ҳамлу нақли байналмилалии бор, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои рушди нақлиёт ва инфрасохтор, таъмини амният дар амалисозии ҳамлу нақли байналмилалӣ ва мусофиркашонӣ ва ғайра баррасӣ шаванд.