Беҳтарин қориёни Қуръон аз саросари ҷаҳон дар Тотористон ҷамъ мешаванд

    Фарҳанг 16 May 2022 1854

    Аз 17 то 20 май дар Қазон озмуни байналмилалии қироати Қуръон баргузор мешавад, ки ҳадафаш таблиғи он миёни ҷавонони мусалмон аст. Дар чорабинӣ беҳтарин қориҳо аз миёни ҳофизи Китоби муқаддас муайян ва қайд карда мешаванд. Озмун бо дастгирии Президенти Тотористон Рустам Миннихонов баргузор мегардад.

    Ба гуфтаи вазири кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ Тимур Сулаймонов, озмун дар шаҳрҳои дорои мақоми Пойтахти ҷавонони СҲИ баргузор мешавад. Қабл аз он дар Дакка, Доҳа, Фес, Шероз, Истамбул баргузор шуда буд.

    Ба озмун беш аз 70 дархост аз 25 кишвари Авруосиё ва Африқо расидааст. 30 иштирокчии хориҷӣ ва 20 нафар аз субъектҳои Русия аз хостагирӣ гузаштанд.. Дар байни иштирокчиён чунин кишварҳо ҳастанд: Буркина Фасо, Миср, Индонезия, Покистон, Британияи Кабир, Уганда, Алҷазоир, Туркия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Фаластин, Яман, Баҳрайн, Чад, Нигер ва ғайра.

    Барои иштироккунандагони озмун барномаи фарҳангӣ — сайёҳат дар атрофи Қазон, мамнуъгоҳ-осорхонаи Булғория ва тамошои муассисаҳои мусулмонӣ ташкил карда шуд.

    Бино ба иттилоъи хидмати матбуоти Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, аз рӯи натоиҷи ин озмун се нафар беҳтарин қории Қуръон миёни мардону занон муайян карда мешаванд. Ба ғолибон ҷоизаи Президенти Тотористон супурда шуда, соҳиби ҷоизаи махсуси Анҷумани соҳибкорони мусулмони Русия муайян карда мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates