Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки талошҳои Бонки марказӣ ҷиҳати беҳтар намудани омори сектори беруна дар доираи дастгирии техникӣ натиҷаҳои мусбат медиҳад.
Инчунин тадбирҳоемавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки бояд дар самти ташаккули нишондиҳандаҳои тавозуни пардохт ва мавқеи сармоягузории байналмилалӣ амалӣ шаванд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ дар фаъолияти Бонки марказӣ аҳамияти хоса доранд ва ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки ҳамкориҳоро дар самти беҳбуди омори сектори беруна идома хоҳанд дод.









