Дар Бонки марказии Ӯзбекистон бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот баргузор гардид

    Молия 23 Noyabr 2022 640

    Дар бонки марказии Ҷумҳурии Ўзбекистон бо ҳайат таҳти сарварии директори Департаменти сармоя ва бозори молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Алекс Пивоварский вохӯрӣ ба амал омад.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо фаъолияти бомуваффақияти гурӯҳи кории муштараки соли 2020 барои баланд бардоштани самаранокии амалиёти пулию қарзи созмондодашударо қайд намуданд.

    Ҳамзамон, намояндагони БАТР омодагии худро барои дастгирии рушди бозори сармояи кишвар, афзоиши ҳаҷми муомилоти байнибонкӣ, амалиёти РЕПО ва ҳиҷҷи қарзӣ дар асоси таҷрибаи як қатор кишварҳои минтақа изҳор намуданд.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ мувофиқа карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо коршиносони БАТР корҳои муштарак оид ба лоиҳаҳои нав идома дода шаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates