Дар Донишгоҳи Инхаи Тошканд лабораторияи киберамният кушода шуд

    Насли оянда 12 Aprel 2022 1161

    Дар Донишгоҳи Инхаи Тошканд лабораторияи киберамният ба кор шурӯъ кард. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарону кормандони донишгоҳ, инчунин директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази киберамният» иштирок доштанд.

    Дар заминаи ин озмоишгоҳ ташаббусҳо оид ба таълими донишҷӯён ва омодасозии мутахассисон оид ба киберамният, ташкили дарсҳои амалӣ оид ба киберамният ва ташкили курсҳо тавассути ҷалби шарикон амалӣ карда мешаванд.

    Дар рафти чорабинӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълими донишу малакаи донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, ташкили таҳсилоти иловагӣ ва ғайра вазифаҳо муайян карда шуданд.

    Дар ҷараёни сафар миёни Донишгоҳи Инҳаи шаҳри Тошканд ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази киберамният” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates