Иштирокчиён бояд аз суҳбат ва муоинаи тиббӣ гузаранд, шаҳодатномаи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро гиранд.

Шарти ҳатмии иштирок дар лоиҳа эмкунӣ бар зидди коронавирус бо доруи «Спутник Лайт»  ё дигар ваксинаҳо ё мавҷудияти ҳуҷҷати на камтар аз панҷ моҳ пеш аз сар гузарондани беморӣ мебошад.

«Спутник Лайт» доруи векторӣ дар асоси аденовируси инсон аст, ки барои интиқоли иттилооти генетикии коронавируси SARS-CoV-2 истифода мешавад. Дар асл, ин аввалин ҷузъи ваксинаи мукаммали «Спутник V» мебошад.

Самаранокии ваксинаи мазкур (баъд аз 28 рӯзи эмкунӣ) 79,4 фоизро ташкил медиҳад - нисбат ба бисёр ваксинаҳои дукомпонента баландтар аст. Масалан, маводи "AstraZeneca" тақрибан 70%-ро ташкил медиҳад. Дар айни замон, дору аз ҷумла бар зидди штаммҳои нави коронавирус самаранок аст. Тибқи таҳқиқот, самаранокии ваксина дар байни пиронсолони аз 60 то 79 -сола дар Аргентина аз 78,6 то 83.7%-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ.