Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт, ба таркиби қатораи хатсайрӣ 70 контейнери чилфутӣ бо борҳои рӯзгор дохил шудааст. Вақти расидан ба Ӯзбекистон 11-12 рӯзро ташкил медиҳад.
Барои маълумот: «РЖД Бизнес-Актив» оператори мултимодалии контейнерӣ буда, ба ташкили ҳамлу нақли контейнерии дохилирусиягӣ ва содиротиву воридотӣ ба кишварҳои Осиё ва Аврупо тахассус дорад. Саҳмдори ягонаи ширкат ширкати фаръии Роҳҳои оҳани Русия - «РЖД Логистика» мебошад.