Меҳмони фахриро муовини вазири корҳои дохилӣ, муовини аввали раиси Федератсияи волейболи Ӯзбекистон генерал-майор Бекмурод Абдуллоев, муовини вазири варзиш Шаҳрулло Маҳмудов, масъулони Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи волейболи кишвар пешвоз гирифтанд.
Дар ҷараёни сафари ҳайат нақшаҳои дарозмуддат оиди ба зинаи нав баровардани волейбол дар кишвари мо, оммавӣ гардонидани он, такмили маҳорати мутахассисони маҳаллӣ ва дар оянда дар Ӯзбекистон гузаронидани мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.
Меҳмони фахриро чаҳор мутахассисе ҳамроҳӣ мекунанд, ки фаъолияти худро дар FIVB анҷом медиҳанд.