Мувофиқи маълумоти Узгидромет, аз пагоҳ ба ноҳияҳои шимолии ҷумҳурӣ аз Поволжье, тавассути Қазоқистони ғарбӣ ҳавои нисбатан хунук ворид мегардад, дар ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ҳавои нисбатан гарм боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво каме паст шуда, дар доираи 37-40°С, дар баъзе ҷойҳои ҷануб то 42°С,  дар шимол 34-37°С хоҳад буд.

Дар рӯзҳои оянда массаи ҳавои салқин дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ паҳн хоҳад шуд. Заминаи ҳарорат дар тӯли ҳафта тадриҷан коҳиш меёбад ва то рӯзи ҷумъа 33-35°Сро ташкил хоҳад дод, ки ба нишондиҳандаҳои муқаррарӣ наздик мешавад ва дар баъзе минтақаҳо он аз нишондодҳои миёнаи солона охири моҳи июл 2-3°С паст мешавад.

Имрӯз ва фардо дар баъзе ҷойҳо дар ҷумҳурӣ то 17-22 м/с шиддат гирифтани шамол дар назар аст, вазиши шамол то 25-30 м/с, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд пешбинӣ шудааст.