Дар Ўзбекистон маркази тахассуси баланд бардоштани дониши энергетикҳо оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъсис дода мешавад

    Таълим 14 Iyul 2023 1456

    13 июл муовини вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия С.Бузрухонов бо намояндагони Институти тағирёбии иқлими Корея («KICC») вохӯрӣ доир намуд.

    Лоиҳаи таъсиси ин созмони кореягӣ дар соҳаи самарабахшии энергетикӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ӯзбекистон, Маркази такмили дониш ва малакаи мутахассисони соҳаи энергетика оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ шуд.

    Марказ дар ҳудуди Донишгоҳи Адҷу дар Тошканд таъсис дода шуда, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷ ба кадрҳои баландихтисос, такмили минбаъдаи самтҳои сарфаи энергия ва биоэнергетика дар Ӯзбекистон ва таъмини устувории системаи энергетикии ҷумҳурии мо мусоидат мекунад. Имконияти дар дигар мактабҳои олии ҷумҳуриамон дар марҳалаи оянда ташкил намудани чунин марказҳо низ дида баромада шуд.

    Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки роҳандозии ин лоиҳа як қадами дигари амалӣ дар мубориза бо тағйири иқлим хоҳад буд.