Тибқи қарор тағйиру иловаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

масоҳати қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ, ки дар ихтиёри иҷорагир боқӣ монда ва ба зерииҷорагир дода мешаванд, набояд аз андозаҳои муқарраргардида дар моддаи 46¹ Кодекси замин камтар бошанд;

ҳангоми қисман ба зерииҷора додани қитъаи замин тақсимот байни иҷорагир ва субиҷорагир тавассути аз нав тақсим кардани контурҳои алоҳида бо нигоҳ доштани якпорчагии контурҳо дар харитаи кишоварзӣ ва низоми амалкунандаи обёрӣ амалӣ мегардад;

ҳангоми қисман ба зерииҷора додани қитъаи замин ҷонибҳо аз хизматрасониҳои давлатии марбут ба тақсимоти қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ ва муайян намудани ҳудуду сарҳадҳои нави он истифода мебаранд.