Тибқи Қарор, самтҳои афзалиятноки ташкил ва баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболи то 20-сола дар соли 2027 чунин муайян гардидаанд:

омодагии шоиста ба Чемпионати ҷаҳон ва баргузории он дар сатҳи баланд;

бунёд ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ мутобиқ ба талаботи Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) барои омодагӣ ва баргузории Чемпионати ҷаҳон;

фароҳам овардани шароити мусоид барои хидматрасонии иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳон ва мухлисон дар сатҳи олӣ.

Бо қарор ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи U-20-и соли 2027 тасдиқ карда шуд.

Илова бар ин, назорат аз болои мутобиқ гардондани варзишгоҳи марказии футболи «Янги Тошкент», ки дар ҳудуди шаҳри Тошканд Нав сохта шуда истодааст, ба талаботи ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё ҷиҳати баргузории мусобиқоти бонуфуз амалӣ карда хоҳад шуд.