Дар Ӯзбекистон канали бузурги интиқоли маводи мухаддири синтетикӣ аз Қазоқистон баста шуд

    Бехатарӣ 21 May 2025 811

    Кормандони Садорати Хадамоти амнияти давлатии вилояти Тошканд дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ барои ҷилавгирӣ аз гардиши маводи мухаддири синтетикӣ амалиёти фаврӣ доир намуданд.

    Ҳангоми гузаронидани амалиёти изтирорӣ таҷҳизоти тиббии мутааллиқ ба ду сокини ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷон (солҳои таваллудашон 1983 ва 1988), ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути гузаргоҳи гумрукии «Навоӣ»-и вилояти Тошканд вориди кишвари мо шудаанд, аз санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки дар даруни ин таҷҳизот 4206 кило маводи мухаддири синтетикии «Мефедрон» ва 3970 кило маводи мухаддири синтетикии «Алфа-ПВП», ки арзиши умумии онҳо 1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, пинҳон карда шудааст.

    Инчунин, корҳои фаврӣ идома ёфта, дар робита ба ин ҳодиса 5 нафар шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992, 1993, 1995 ва 2000, ки дар шаҳру вилояти Тошканд иқомат доштанд, дастгир карда шуданд.

    Маълум шуд, ки онҳо тавассути мессенҷери Telegram дастури як шаҳрванди Федератсияи Русияро, ки ба савдои маводи мухаддир машғул буд, иҷро мекарданд.

    Дар ҳолати дигар, ки дар постгоҳи гумрукии «Навоӣ» ошкор шуд, шахсе (соли таваллудаш 1980), ки аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳайси аробакаш киро гардида буд, ҳангоми ба кишвари мо аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид кардани плитаи газ боздошт ва кофтуков карда шуд. Дар натиҷа аз дохили плитаи газ 1985 кг маводи нашъадори синтетикии «Алфа-ПВП» дарёфт ва бо тартиби мурофиавӣ ба рӯйхат гирифта шуд.

    Ҳамчунин, чорабинии фаврӣ идома ёфта, сокини шаҳри Тошканд, соли таваллудаш 2006 ҳангоми қабули ин маводи мухаддир бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.

    Ҳоло аз рӯи ҳар ду парванда алайҳи ин афрод тибқи моддаҳои 246 ва 273-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates