Дар Ўзбекистон доруи зидди коронавирус -- «Антиковир» офариданд

    Илм 7 Mart 2022 1616

    Дар Донишкадаи таълим ва тадқиқоти дорусозии Ўзбекистон давои нав бар зидди коронавирус офарида шуд. Бо ҷидду ҷаҳди якҷояи дорусозону фармакологҳои институти мазкур дар заминаи маъхазҳои табиию маъданӣ, бо роҳи синтези биотехнологӣ ва кимиёвӣ доруи бисёркомпоненти «Антиковир» ба вуҷуд оварда шуд.

    Тадқиқотҳои клиникӣ ва пеш аз клиникӣ нишон доданд, ки перепарат воридшавии вирусро ба ҳуҷайраҳо бо шикастани минбаъдаи он пешгирӣ мекунад ва таъсири иммуномодуляторӣ дорад, ки ба баланд бардоштани иммунитети гуморалӣ нигаронида шудааст.

    Компонентҳои дору дорои таъсири антикоагулянтӣ, антиоксидантӣ, ситопротекторӣ, иммуномодуляторӣ мебошанд, инчунин фаъолияти антибактериалӣ ва антивирусиро таъмин мекунанд.

    Тадқиқотҳои клиникӣ дар 92% беморон самаранокии баландро нишон доданд ва дар гурӯҳи тадқиқот ягон таъсири номатлуб ба қайд гирифта нашудааст.

    13 ноябри соли 2020 тамғаи молии дору аз ҷониби Агентии моликияти зеҳнӣ ба қайд гирифта шуд. 14 феврали соли 2022 Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Антиковир"-ро ба сифати доруи зиддивирусӣ, ки барои табобату пешгирии сирояти коронавирус ва синдроми пас аз ковид тавсия дода мешавад, ба рӯйхат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates