Аз аввали сол дар Ӯзбекистон ба муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти спиртӣ ва тамоку ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сӯм хотима гузошта шуд

    Зимни санҷишҳои аз ҷониби мақомоти Хадамоти давлатии андоз дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ гузаронидашуда, савдои ғайриқонунии маҳсулоти спиртӣ ва тамоку ба маблағи умумии 1 миллиарду 403 миллион сӯм ошкор карда шуд.

    Дар 623 субъекти соҳибкорӣ ва шаҳрвандоне, ки ба фурӯши маҳсулоти алкоголӣ машғуланд, фурӯши ғайриқонунии 52 ҳазору 689 адад маҳсулоти алкоголӣ ба маблағи 886,2 миллион сӯм бе тамғаҳои аксизӣ, бо тамғаҳои аксизии кӯҳна ва маркаҳои қалбакӣ, бе ҳуҷҷатҳои дахлдор, инчунин бе тамғаи рақамӣ пешгирӣ карда шуд.

    Аз ҷумла, маҳсулоти спиртдор ғайриқонунӣ мусодира карда шуданд:

    аз 560 субъекти хоҷагидорӣ 39 716 адад ба маблағи 750,8 миллион сӯм;

    аз 63 нафар шаҳрвандон 12 973 адад ба маблаги 135,4 миллион сӯм.

    Аз 360 субъекти хоҷагидорӣ ва шаҳрвандоне, ки ба фурӯши маҳсулоти тамоку машғуланд, фурӯши ғайриқонунии 46 970 қуттӣ тамоку ба маблағи 516,8 миллион сӯм бе тамғаҳои аксизӣ, инчунин бидуни тамғаи рақамӣ пешгирӣ карда шуд:

    аз 77 муассисаи савдои чакана ба маблағи 255,5 миллион сӯм 20383 қуттӣ;

    аз 283 нафар шаҳрвандон 26 587 куттӣ ба маблағи 261,3 миллион сӯм.

    Барои вайрон кардани қоидаҳои тамғагузорӣ мутобиқи моддаи 227-1 Кодекси андоз, муомилоти ғайриқонунии машрубот ва маҳсулоти тамоку мутобиқи моддаи 186-1 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ва моддаи 186-1 Кодекси ҷиноятӣ боиси ҷавобгарӣ мегардад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates