Дар Ӯзбекистон озмун барои ҷоизаи Президент «Беҳтарин мактаби таълими забонҳои хориҷӣ» баргузор мешавад.

    Таълим 16 Mart 2023 2483

    Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки моҳи апрели соли равон марҳилаи ноҳиявии (шаҳрии) озмун барои дарёфти ҷоизаи Президент «Мактаби беҳтарини таълими забонҳои хориҷӣ»-ро баргузор намояд.

    Дар ҳоли ҳозир ҳудуди ҳафт ҳазор мактаб барои ширкат дар ин озмун сабти ном шудаанд. Аз ин шумора 6316 мактаб бо забони англисӣ, 203 мактаб бо забони олмонӣ ва 176 мактаб бо забони фаронсавӣ ширкат хоҳанд кард.

    Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, тибқи Низомномаи тартиби баргузории озмуни “Беҳтарин мактаби забони хориҷӣ” барои дарёфти Ҷоизаи Президент, озмуни “Беҳтарин мактаби таълими забони хориҷӣ” ҳамасола байни мактабҳое, ки забони англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ (забонҳои хориҷӣ) таълим медиҳанд, гузаронда мешавад.

    Ғолибони марҳилаи ноҳиявии (шаҳрии) ин озмун барои ҷои 1-ум 100 миллион сӯм, барои ҷойи 2-юм 75 миллион сӯм ва барои ҷойи 3-юм 50 миллион сум мукофотпулӣ мегиранд.

    Ғолибони марҳилаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри (вилояти) Тошканд барои ҷойи 1-ум 250 миллион сўм, ҷойи 2-юм 200 миллион сўм, ҷойи 3-юм 150 миллион сўм мегиранд;

    Ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявӣ барои ҷои 1-ум 500 миллион сӯм, барои ҷойи 2-юм 400 миллион сӯм, барои ҷои 3-юм 300 миллион сӯм мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.

    Фонди ҷоизаи озмун барои дарёфти ҷоизаи Президент 54 миллиард сўм буда, мактабе, ки ғолиби мутлақ аст, дар охир 1 миллиард сўм мукофоти пулӣ мегирад.

    Баргузории марҳилаи дуюми (минтақавии) озмун дар моҳи май ва сеюми (республикавӣ) дар моҳи августи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates