Дар Ўзбекистон Маркази рушди тадқиқотҳои клиникии воситаҳои доруворӣ ташкил карда мешавад

    Илм 8 Iyul 2022 1451

    Барои таъмини Марказ бо таҷҳизоти тиббӣ, клиникӣ ва лабораторӣ маблағи вомии "Эксимбанк"-и Куриёи Ҷанубӣ равона карда мешавад. Арзиши лоиҳа 125 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ба кор андохтани он 250 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

    Дар ин бора дар брифинг дар АИКО роҳбари хидмати иттилоотии Агентии рушди соҳаи дорусозӣ Қизлархон Бегматова хабар дод.

    Марказ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

    ҷорӣ намудани ташкили озмоишҳои клиникии доруворӣ мутобиқи талаботи стандартҳои ахлоқии байналмилалӣ ва илмӣ;

    рушди озмоишҳои клиникӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ҳамоҳангсозии навсозии иншооти клиникӣ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ;

    ташкили озмоишҳои клиникии доруҳо мувофиқи талаботи «амалияи клиникии зарурӣ (GCP)»;

    муайян кардани биоэквивалентии фармакологии ҷенерикҳо ба доруҳои аслӣ;

    гузаронидани тадқиқоти фармакокинетикии доруҳо дар субъектҳои озмоишҳои клиникӣ;

    такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб дар соҳаи озмоишҳои клиникӣ;

    амалӣ гардондани ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи «таҷрибаи зарурии клиникӣ (GCP)».

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates