Лоиҳаи қонун ба мубориза бо фасод дар кишвар нигаронида шудааст.
Дар баробари ин муайян карда мешавад, ки ба хешовандон инҳо дохил мешаванд: бибиҳо, бобоҳо, модркалонҳо, падаркалонҳо, падару модарон, фарзандон, набераҳо ва абераҳо, ҳамсарон, инчунин волидони зану шавҳар, бародарону хоҳарон ва кӯдакон.
Зимнан зикр мегардад, ки хизматчии давлатӣ бояд дар давоми 10 рӯз аз рӯзи маълум шудани бо шахсе, ки бо муносибати хешовандӣ дорад хизмат карданаш роҳбари ташкилоти ҷамъиятиро огоҳ созад. Шахсоне, ки дар бораи дар корхона хешованди наздик доштанаш хабар надодаанд, ба миқдори аз 15 то 20 баробари воҳиди ҳисоби базавӣ (аз 4 миллиону 50 ҳазор то 5 миллиону 400 ҳазор сӯм) чарима андохта мешаванд. Ва инчунин ба миқдори аз 25 то 30 ВҲБ (аз 6 миллиону 750 ҳазор то 8 миллиону 100 ҳазор сӯм), агар корфармо барои ба кори (вазифаи) дигар гузарондани онҳо чора набинад, ҷарима андохта мешавад.
Агар ин ҳолатҳо пас аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо корманд ошкор гарданд, корфармо вазифадор аст барои ба кори (вазифаи) дигари ба кори (вазифаи) пешина баробар, ки яке аз он бевосита таҳти назорати ӯ нест, гузаронидан чораҳо андешад. Муҳокимаи лоиҳаи қонун то 30 ноябр давом мекунад, хабар медиҳад Uzreport.