Назорати хусусии сохтмон дар асоси шартномае амалӣ мегардад, ки байни фармоишгари сохтмон ва назоратчӣ баста мешавад.
Назорати хусусии сохтмон бо хоҳиши фармоишгар (мулкдор) гузаронида мешавад.
Назорати хусусии сохтмон дар иншоотҳо на камтар аз як маротиба дар як моҳ анҷом дода мешавад.
Ҳамзамон, муҳлати ҳар як санҷиш набояд аз як рӯзи корӣ зиёд бошад.
Марҳилаҳои асосии сохтмони иншоот чунин ҳисобида мешаванд:
кофтани чуқурии биноҳо ва иншоотҳо;
сохтани таҳкурсӣ;
бардоштани конструксияҳои асосии борбардор;
сохтани деворҳо ва конструксияҳои иҳотакунанда;
корҳои бомпӯшӣ ва дигар корҳои сохтмонӣ.
Фармоишгари иншоот уҳдадор аст, ки назоратчии хусусии сохтмонро дар шакли электронӣ ё хаттӣ 2 рӯз пеш аз анҷоми ҳар як марҳилаи сохтмон огоҳ намояд.
Назоратчии хусусии сохтмон дар давоми 1 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани огоҳӣ ба иншоот назоратчии дорои сертификатро вобаста мекунад.
Назоратчии хусусии сохтмон дар давоми 5 рӯзи корӣ хулосаи мусбат медиҳад ё пас аз санҷиши иловагӣ, дар сурати мавҷуд будани асосҳои муайяншуда, аз додани хулосаи мусбат худдорӣ мекунад.