Дар Ӯзбекистон барои истифодаи ғайриқонунии манбаъҳои энергия ва осебрасонӣ ба дастгоҳҳои ҳисобкунак мукин аст то 5 соли аз озодӣ маҳрум карда шавад

    Энергетика 15 Mart 2023 1857

    Бо Қонун (ҚҶӮ № 822 аз 13 марти соли 2023) ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

    Аз ҷумла, миувофиқи иловаҳои ба Кодекси ҷиноятӣ воридшуда:

    - пайвастани худсарона ба шабакаҳои барқ, гармӣ, газ ё обтаъминкуниҳои умумӣ бо мақсади тиҷоратӣ ё вайрон кардани асбобҳои ҳисобгирии қувваи барқ, гази табиӣ, оби хунук ё гарм, аз ҷумла мӯҳрҳои онҳо, ё дахолат кардан ба асбобҳои ҳисобкунак аз берун бо мақсади иваз кардани нишондодҳо, барои содир намудани чинояти зикршуда то 5 сол аз озодӣ маҳрум кардан мумкин аст.

    Инчунин, тибқи иловаҳои ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ воридшуда нисбати шахсоне, ки ин ҳуқуқвайронкуниро дар ҳаҷми хурд содир кардаанд, ҷазоҳои зерини маъмурӣ татбиқ карда мешаванд:

    - ҷарима ба андозаи аз 10 то 20 АБҲ (аз 3 то 6 миллион сум);

    - ё ба муҳлати то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates