Дар Ӯзбекистон шахсоне, ки мехостанд шаҳрвандонро ғайриқонунӣ ба “Ҳаҷ” ва “Умра” фиристанд, боздошт шуданд - ХАД

    Бехатарӣ 14 May 2025 518

    Аз тарафи Садорати Хидмати амнияти давлатӣ дар шаҳри Тошканд якҷоя бо мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади ошкор кардан ва боздоштани ташкили ғайриқонунии зиёрати Ҳаҷ ва Умра амалиёти таъҷилӣ гузаронида шуд.

    Дар ҷараёни чорабинии зудамал чаҳор корманди як ширкати сайёҳӣ, ки дар шаҳри Тошканд фаъолият мебарад, бо талаби 7000 доллари амрикоӣ бо раводиди корӣ барои ба Ҳаҷ фиристодани се шаҳрванд ва барои фиристодани як шаҳрванд бо раводиди сайёҳӣ 5000 доллар, дар маҷмӯъ 26 ҳазор доллар, ҳангоми гирифтани 20 ҳазор доллар пешпардохт боздошт шуданд.

    Дар як амалиёти муштараки Садорати хидмат дар Фарғона ва кормандони корҳои дохилаи вилоят мудири ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Марғилон ҳангоми гирифтани 2 ҳазору 400 доллари амрикоӣ барои ба сафари Умра фиристодани ду шаҳрванд ва 15 ҳазор доллар барои ба Ҳаҷ фиристодани се нафар шаҳрвандон бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.

    Зимни як амалиёти фаврӣ аз ҷониби кормандони Садорати вилоятии ин хадамот дар Намангон дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ аён шуд, ки сокини шаҳри Намангон (соли таваллудаш 1999) дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои қалбакӣ дар бораи ба сафари Ҳаҷ фиристодан нашр карда, боварии 3 шаҳрвандро ба даст меоварад. Ӯ ҳангоми аз онҳо гирифтани 4 ҳазору 900 доллар, дар маҷмӯъ 14 ҳазору 700 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд.

    Дар як амалиёти муштараки Садорати хизмат ва мақомоти корҳои дохилии вилояти Наманган роҳбари як ширкати сайёҳӣ, ки дар ноҳияи Чуст фаъолият мекунад, ҳангоми бе доштани иҷозатномаи дахлдор барои ташкили сафари Умра 3 нафарро ба маблағи 1350 доллари ИМА, дар маҷмӯъ 4050 доллари ИМА ба зиёрати Умра мефирисам гуфта, ҳангоми гирифтани 4 ҳазор доллари амрикоӣ бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.

    Зимни амалиёт, ки дар ҳамкорӣ бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ гузаронида шуд, сокини шаҳри Тошканд (соли таваллудаш 1998) ба панҷ нафар шаҳрванд барои адои маросими динӣ бо раводиди Ҳаҷ ба маблағи умумии 27 000 доллар тавассути як ҷамъияти масъулияташ маҳдуди пойтахт ба Арабистони Саудӣ фиристодан ваъда дода, ҳангоми гирифтани 13 500 доллар боздошт шудааст.

    Ҳоло нисбати ҳамаи қонуншиканҳо аз рӯи ин ҳолатҳо тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

    Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафари Умра аз ҳар як ширкати сайёҳӣ иҷозатномаи “Умра”-ро, ки аз ҷониби Кумитаи корҳои дин тақдим гардидааст, талаб намоянд.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates