Тибқи қарор, мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои муосири варзиш — киберспорт, технологияҳои дронҳо ва робототехника ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Мусобиқаҳо аз рӯи самтҳо ва марҳилаҳои зерин доир мегарданд:

Самтҳо:

киберспорт;

технологияҳои дронҳо;

робототехника.

Марҳилаҳо:

Марҳилаи I — ҳар сол моҳи август баргузор шудани мусобиқаи дохилии «Ҷоми командир (сардори) қисми ҳарбӣ (муассиса)» дар вазоратҳо ва идораҳо;

Марҳилаи II — ҳар сол моҳи октябр баргузор шудани «Ҷоми фармондеҳи қӯшунҳои ҳазаи ҳарбӣ»;

Марҳилаи III — ҳар сол моҳи декабр баргузор шудани «Ҷоми вазири мудофиа».

Тибқи қарор, хидматчиёни ҳарбие, ки ғолиби ин мусобиқаҳо мегарданд, бо тартиби зерин ҳавасманд карда мешаванд:

ҳар як узви дастаи ғолиб дар марҳилаи I — бо мукофоти якдафъаинаи 10 млн сӯм, ба даста бошад Ҷоми командир (сардор) тақдим мегардад;

ҳар як узви дастаи ғолиб дар марҳилаи II — бо мукофоти якдафъаинаи 30 млн сӯм, ба даста бошад Ҷоми фармондеҳи неруҳои ҳарбӣ супорида мешавад;

ҳар як узви дастаи ғолиб дар марҳилаи III — бо мукофоти якдафъаинаи 50 млн сӯм, ба даста бошад Ҷоми вазири мудофиа тақдим мегардад.

Вазорати мудофиа барои ташкили мусобиқаҳо ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз муайян шудааст.

Барои пеш бурдани ҳисобу китоби хидматчиёни ҳарбие, ки дар мусобиқаҳо иштирок намуда аз марҳилаҳо гузаштаанд, феҳристи ягонаи электронии хизматӣ роҳандозӣ карда мешавад.