Шаби гузашта дар Африқои Ҷанубӣ имсол аз хунуктарин рӯзҳо буд. Бориши барф чанд соат давом кард. Дар Йоханнесбург ва Претория дар роҳҳо яхбандӣ ба амал омад. Одатан барфро танҳо дар баландкӯҳҳо дидан мумкин буд, аммо ин дафъа шаҳрҳоро низ боришот фаро гирифт. Ҷабҳаи массаҳои ҳавои сард аз Антарктида ба умқи Африқои Ҷанубӣ ҳаракат мекунад, хабар медиҳад “Mir24”.
Мақомот ба африқои ҷанубӣ тавсия додаанд, ки либоси гарм бипӯшанд, зеро ҷабҳаи сард қисми зиёди кишварро фаро гирифтааст ва ҳадди аққал як ҳафта дар ин ҷо хоҳад монд.
Ҳол он ки, ҳафтаи гузашта гармтарин ҳаво дар ҷаҳон буд, гуфта мешавад дар изҳороти Созмони ҷаҳонии метеорологии СММ. Ба гуфтаи ин созмон, ҳарорати миёнаи ҷаҳон 7 июл 17,24 дараҷаро ташкил додааст. Ин назар ба рекорди қаблии 16,94 дараҷа, ки 16 августи соли 2016 қайд шуда буд, 0,3 дараҷа бештар аст.