Рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқиб, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол баргузор мешавад, ҳамин маънои амиқро таҷассум мекунад.

Ба муносибати ин сана, 29 август намояндагони идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, пиронсолон ва зиёиён дар хиёбони “Хотираи шаҳидон” ҷамъ омаданд.

Дар маросим Президент Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.

Ба хотири фидокорони Ватан Қуръон тиловат карда шуд. Ба мардум ош пешкаш гардид.

Дар канори қабри рамзии хиёбон низ низ тиловати Қуръон карда шуд. Дар ин ҷо бо уламову зиёиён дар бораи омӯзиши таърих, бозомӯзии он ба ҷавонон, қадр кардани истиқлол ва сулҳу оромӣ мулоқот доир гардид.

– Ҳар сол дар арафаи ҷашни Истиқлол барои падару бобоёнамон, ки ҷони худро дар роҳи озодии Ватан фидо кардаанд, дуо мекунем. Ҷасорати ниёи қаҳрамони мо, ки барои Ватан, барои миллат ва барои халқ мубориза бурдаанд, барои мо ҳамеша мактаби ибрат боқӣ мемонад, – гуфт Сарвари давлат.

Маълум аст, ки дар он солҳои даҳшатбор беш аз 100 ҳазор ҳамватани бегуноҳи мо мавриди таъқиб қарор гирифтаанд. Ҳазорон нафар ҳамватанонамон бо иттиҳоми ноҳақи “душмани халқ” парронда шуданд, бештар аз ин шумор бадарға гардиданд. Дар натиҷа ҳазорон зан бева ва кӯдакон ятим монданд. Аз байн қариб як аср гузашта бошад ҳам, он замонҳои мудҳишро бо изтироби амиқ ба ёд меорем. Таъкид гардид, ки ин ҳама моро барои қадр кардани зиндагии озоди имрӯз ва таҳкими истиқлол водор менамоянд.

– Дар роҳи гиромидошти фидокорони Ватан, абадӣ намудани хотираи онҳо корҳои зиёдеро анҷом медиҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар ҳашт соли охир номи беш аз 1 ҳазору 200 нафар бобоёни ҷафокашии мо сафед карда шуд. Осорхонаи “Хотираи қурбониёни таъқиб” таъмир гардида, бо ҳазорҳо ҳуҷҷати нав ғанӣ гардонда шуд. Дар минтақаҳо низ чунин осорхонаҳо таъсис ёфтанд. Имсол 150-солагии сарвари ҳаракати ҷадидия – Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ҷашн мегирем. Дар шаҳри Бухоро Осорхонаи давлатии мероси ҷадидҳо таъсис меёбад.

– Акнун мазмуни ин ҳама ва таърихи “зинда”-и худро бояд васеътар ба халқамон расонем. Аз соли гузашта ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Ҳафтаи ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ қайд карда мешавад. Имсол он дар шакли Ҳафтаи ёдбуд ва тарбия гузаронида мешавад. Зарур аст, ки онро бо мазмуни амиқ пур кунем ва барои ҳар кас дастрас гардонем: дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дарсҳои махсус, барномаҳои телевизионӣ, озмунҳо барои ҷавонон баргузор шаванд. Бояд дар зеҳни насли нав эҳсоси он парвариш ёбад, ки истиқлолият чӣ гуна арзиши бузург аст ва аҷдоди мо чӣ гуна шахсиятҳои қавӣ буданд. Ҷавонони рӯҳан қавӣ пеши худ ҳадафҳои бузург мегузоранд, бо ҷидду ҷаҳд меомӯзанд ва ба таври ҳамгун рушд меёбанд, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

Таъкид гардид, ки дар ин самт омӯхтани ҳаёти шахсиятҳои маъруфи миллат муҳим аст.

– Ҷадидони мо дар ҳар соҳа пешсаф буданд. Аввалин романи ӯзбекӣ, асарҳои театриву синамоӣ, китобҳои дарсӣ оид ба фанҳои гуногунро маҳз онҳо офаридаанд. Агар донишҷӯёни туркистонӣ, ки дар солҳои 20-уми асри гузашта дар Олмон таҳсил карда буданд, таъқиб намешуданд, тамоми ҷомеаро тағйир медоданд. Агар мо таърихи мавҷудаи худро дуруст расонем, ҷавонони мо дигар қаҳрамон намеҷӯянд, ниёи бузурги мо барои ин намунаи хубанд, – гуфт Президент.

Чунин пояи маънавӣ барои ягонагии умумимиллӣ ва суботи ҷомеа низ муҳим аст.

Имрӯз вазъият дар ҷаҳон пуртаҳлука мешавад. Ба истиқлоли давлатҳо таҳдидҳо ба вуҷуд меоянд. Ин ҳама аз мо доимо огоҳ ва ҳамҷиҳат буданро, пайгирона давом додани ислоҳотро тақозо мекунанд.

Худоро шукр, ки кишварамон осуда аст, мардум бо эътимод ба фардо зиндагӣ доранд. Ин – бузургтарин сарвати мо.

Уламоҳо барои пойдории сулҳу оромӣ, файзу баракат дар кишварамон дуо карданд.